Зи хоки наргисистон ғунчае руст

Зи хоки наргисистон ғунчае руст,
Ки хоб аз чашми ӯ шабнам фурӯ шуст.
Худӣ аз бехудӣ омад падидор,
Ҷаҳон дарёфт охир он чӣ меҷуст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»