Рафтию намешавӣ фаромӯш

Рафтию намешавӣ фаромӯш,
Меоию меравам ман аз ҳуш.

Сеҳр аст камони абрувонат,
Пайваста кашида то буногӯш.

Поят бигузор, то бибӯсам,
Чун даст намерасад ба оғӯш.

Ҷавр аз қибалат¹ мақоми адл аст,
Неши суханат муқобили нӯш.

Бекор бувад, ки дар баҳорон
Гӯянд, ки андалеб, махрӯш.

Дӯш он ғами дил, ки мениҳуфтам,
Боди саҳараш бибурд сарпӯш.

Он сел, ки дӯш то камар буд,
Имшаб бигузашт хоҳад аз дӯш.

Шаҳре мутаҳаддисони² ҳуснат,
Илло мутаҳаййирони хомӯш.

Биншин, ки ҳазор фитна бархост
Аз ҳалқаи орифони мадҳуш.

Оташ, ки ту мекунӣ, муҳол аст
К-ин дег фурӯ нишинад аз ҷӯш.

Эй хоҷа, бирав, ба ҳар чӣ дорӣ,
Ёре бихару ба ҳеч мафрӯш!

Гар тавба диҳад касе зи ишқат,
Аз ман биниюшу панд манюш!

Саъдӣ ҳамасола панди мардум
Мегӯяду худ намекунад гӯш.


¹ Аз тарафат, аз ҷонибат. ² Гӯяндагони ҳадис.