Дили ман роздони ҷисму ҷон аст

Дили ман роздони ҷисму ҷон аст,
Напиндорӣ аҷал бар ман гарон аст.
Чӣ ғам, гар як ҷаҳон гум шуд зи чашмам,
Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»