Давоми мо зи сӯзи нотамом аст

Давоми мо зи сӯзи нотамом аст,
Чу моҳӣ ҷуз тапиш бар мо ҳаром аст.
Маҷӯ соҳил, ки дар оғӯши соҳил
Тапидӣ як даму марги давом аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»