Ба паҳнои азал пар мекушудам

Ба паҳнои азал пар мекушудам,
Зи банди обу гил бегона будам.
Ба чашми ту баҳои ман баланд аст,
Ки овардӣ ба бозори вуҷудам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»