Ба худ нозам, гадои бениёзам

Ба худ нозам, гадои бениёзам,
Тапам, сӯзам, гудозам, най навозам.
Туро аз нағма дар оташ нишондам,
Сикандарфитратам, ойинасозам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»