Чӣ ғам дорӣ, ҳаёти дил зи дам нест

Чӣ ғам дорӣ, ҳаёти дил зи дам нест,
Ки дил дар ҳалқаи буду адам нест.
Махӯр, эй камназар, андешаи марг,
Агар дам рафт, дил боқист, ғам нест.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»