Замин хоки дари майхонаи мо

Замин хоки дари майхонаи мо,
Фалак як гардиши паймонаи мо.
Ҳадиси сӯзу сози мо дароз аст,
Ҷаҳон дебочаи афсонаи мо.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»