Сикандар рафту шамшеру алам рафт

Сикандар рафту шамшеру алам рафт,
Хироҷи шаҳру ганҷи кону ям рафт.
Умамро аз шаҳон пояндатар дон,
Намебинӣ, ки Эрон монду Ҷам рафт?

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»