GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 234. Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд

Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд,
Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд.

Насим дар сари гул бишканад кулолаи сунбул,
Чу аз миёни чаман бӯйи он кулола барояд.

Ҳикояти шаби ҳиҷрон на он ҳикояти ҳолест,
Ки шаммае зи баёнаш ба сад рисола барояд.

Зи гарди хони нигуни фалак тамаъ натавон дошт,
Ки бе малолати сад ғусса як навола барояд.

Ба саъйи худ натавон бурд пай ба гавҳари мақсуд,
Хаёл бошад, к-ин кор бе ҳавола барояд.

Гарат чу Нӯҳи набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон,
Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.

Насими зулфи ту чун бигзарад ба турбати Ҳофиз,
Зи хоки колбудаш сад ҳазор нола барояд.

Ҳофизи Шерозӣ 235. Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр бозояд
Ҳофизи Шерозӣ 236. Агар он тоири қудсӣ зи дарам бозояд
Ҳофизи Шерозӣ 237. Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд
Ҳофизи Шерозӣ 238. Ҷаҳон бар абруи ид аз ҳилол вусма кашид
Ҳофизи Шерозӣ 239. Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид
Ҳофизи Шерозӣ 240. Абри озорӣ баромад, боди наврӯзӣ вазид
Ҳофизи Шерозӣ 241. Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред
Ҳофизи Шерозӣ 242. Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид
Ҳофизи Шерозӣ 243. Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид
Ҳофизи Шерозӣ 244. Муоширон, гиреҳ аз зулфи ёр боз кунед
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Ҳофизи Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР