Ҷаҳони рангу бӯ фаҳмиданӣ ҳаст

Ҷаҳони рангу бӯ фаҳмиданӣ ҳаст,
Дар ин водӣ басе гул чиданӣ ҳаст.
Вале чашм аз даруни худ набандӣ,
Ки дар ҷони ту чизе диданӣ ҳаст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»