Ту мегӯӣ, ки ман ҳастам, Худо нест

Ту мегӯӣ, ки ман ҳастам, Худо нест,
Ҷаҳони обу гилро интиҳо нест.
Ҳанӯз ин роз бар ман нокушуд аст,
Ки чашмам он чӣ бинад, ҳаст ё нест?

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»