Бисотам холӣ аз мурғи кабоб аст

Бисотам холӣ аз мурғи кабоб аст,
На дар ҷомам майи ойинатоб аст.
Ғизоли ман хӯрад барги гиёҳе,
Вале хуни дили ӯ мушки ноб аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»