Ба ҳар дил ишқ ранги тоза бар кард

Ба ҳар дил ишқ ранги тоза бар кард,
Гаҳе бо санг, гаҳ бо шиша сар кард.
Туро аз худ рабуду чашми тар дод,
Маро бо хештан наздиктар кард.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»