Гули нахустин: Ҳанӯз ҳамнафасе дар чаман намебинам

Ҳанӯз ҳамнафасе дар чаман намебинам,
Баҳор мерасаду ман гули нахустинам.

Ба оби ҷӯ нигарам, хешро назора кунам,
Ба ин баҳона магар рӯи дигаре бинам.

Ба хомае, ки хати зиндагӣ рақам задааст,
Навиштаанд паёме ба барги рангинам.

Дилам ба дӯшу нигоҳам ба ибрати имрӯз,
Шаҳиди ҷилваи фардову тозаойинам.

Зи тирахок дамидам, қабои гул бастам,
Вагарна ахтари вомондае зи Парвинам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»