Тасхири фитрат

МИЛОДИ ОДАМ

Наъра зад ишқ, ки хунинҷигаре пайдо шуд,
Ҳусн ларзид, ки соҳибназаре пайдо шуд.

Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур
Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд.

Хабаре рафт зи гардун ба шабистони азал:
«Ҳазар, эй пардагиён, пардадаре пайдо шуд!»

Орзу бехабар аз хеш ба оғӯши ҳаёт,
Чашм во карду ҷаҳони дигаре пайдо шуд.

Зиндагӣ гуфт, ки дар хок тапидам ҳама умр,
То аз ин гунбади дерина даре пайдо шуд.

ИНКОРИ ИБЛИС

Нурии нодон наям, саҷда ба одам барам,
Ӯ ба ниҳод аст хок, ман ба нажод озарам!

Метапад аз сӯзи ман хуни раги коинот,
Ман ба дави сарсарам, ман ба ғави тундарам.

Робитаи солимот, зобитаи уммаҳот,
Сӯзаму созе диҳам, оташи миногарам.

Сохтаи хешро даршиканам рез-рез,
То зи ғубори куҳан пайкари нав оварам.

Аз зави ман мавҷаи чарх сукуннопазир,
Нақшгари рӯзгор, тобу таби ҷавҳарам,

Пайкари анҷум зи ту, гардиши анҷум зи ман,
Ҷон ба ҷаҳон андарам, зиндагии музмарам.

Ту ба бадан ҷон диҳӣ, шӯр ба ҷон ман диҳам,
Ту ба сукун раҳзанӣ, ман ба тапиш роҳбарам.

Ман зи тунукмоягон гидя накардам суҷуд,
Қоҳири бедӯзахам, довари бемаҳшарам.

Одами хокиниҳод, дунназару камсавод,
Зод дар оғӯши ту, пир шавад дар барам.

ИҒВОИ ОДАМ

Зиндагии сӯзу соз беҳ зи сукуни давом,
Фохта шоҳин шавад аз тапиши зери дом.

Ҳеҷ наояд зи ту ғайри суҷуди ниёз,
Хез чу сарви баланд, эй ба амал нармгом.

Кавсару тасним бурд аз ту нишоти амал,
Гир зи минои ток бодаи ойинафом.

Зишту накӯ зодаи ваҳми худованди туст,
Лаззати кирдор гир, гом бинеҳ, ҷӯй ком.

Хез, ки бинмоямат мамлакати тозае,
Чашми ҷаҳонбин кушо, баҳри тамошо хиром.

Қатраи бемояӣ, гавҳари тобанда шав,
Аз сари гардун биафт, гир ба дарё мақом.

Теғи дурахшандаӣ, ҷони ҷаҳоне гусил,
Ҷавҳари худро намо, ой бурун аз наём.

Бозуи шоҳин кушо, хуни тазарвон бирез,
Марг бувад бозро зистан андар куном.

Ту нашиносӣ ҳанӯз, шавқ бимирад зи васл,
Чист ҳаёти давом? Сӯхтани нотамом!

ОДАМ АЗ БИҲИШТ БУРУН ОМАДА МЕГӮЯД:

Чӣ хуш аст зиндагиро ҳама сӯзу соз кардан,
Дили кӯҳу дашту саҳро ба даме гудоз кардан.

Зи қафас даре кушодан ба фазои гулситоне,
Раҳи осмон навардан, ба ситора роз кардан.

Ба гудозҳои пинҳон, ба ниёзҳои пайдо
Назаре адошиносӣ ба ҳарими ноз кардан.

Гаҳе ҷуз яке надидан ба ҳуҷуми лолазоре,
Гаҳе хори нешзанро зи гул имтиёз кардан.

Ҳама сӯзи нотамомам, ҳама дарди орзӯям,
Ба гумон диҳам яқинро, ки шаҳиди ҷустуҷӯям.

СУБҲИ ҚИЁМАТ (Одам дар ҳузури Борӣ)

Эй, ки зи хуршеди ту кавкаби ҷон мустанир,
Аз дилам афрӯхтӣ шамъи ҷаҳони зарир.

Рехт ҳунарҳои ман баҳр ба як нойи об,
Тешаи ман оварад аз ҷигари хора шир.

Зӯҳра гирифтори ман, моҳ парастори ман,
Ақли калон кори ман, баҳри ҷаҳон дору гир.

Ман ба замин даршудам, ман ба фалак баршудам,
Бастаи ҷодуи ман зарраву меҳри мунир.

Гарчи фусунаш маро бурд зи роҳи савоб,
Аз ғалатам даргузар, узри гуноҳам пазир.

Ром нагардад ҷаҳон, то на фусунаш хӯрем,
Ҷуз ба каманди ниёз ноз нагардад асир.

То шавад аз оҳи гарм ин бути сангин гудоз,
Бастани зуннори ӯ буд маро ногузир.

Ақл ба дом оварад фитрати чолокро,
Аҳримани шӯълазод саҷда кунад хокро.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»