Бӯйи гул: Ҳуре ба кунҷи гулшани ҷаннат тапиду гуфт...

Ҳуре ба кунҷи гулшани ҷаннат тапиду гуфт:
«Моро касе зи он сӯи гардун хабар надод.

Н-ояд ба фаҳми ман саҳару шому рӯзу шаб,
Ақлам рабуд ин, ки бигӯянд мурду зод.

» Гардид мавҷи накҳату аз шохи гул дамид,
По инчунин ба олами фардову дӣ ниҳод.

Во кард чашму ғунча шуду ханда зад даме,
Гул гашту барг-барг шуду бар замин фитод.

3-он нозанин, ки банд зи пояш кушодаанд,
Оҳест ёдгор, ки бӯ ном додаанд.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»