Навои вақт: Хуршед ба домонам, анҷум ба гиребонам

Хуршед ба домонам, анҷум ба гиребонам,
Дар ман нигарӣ ҳеҷам, дар худ нигарӣ ҷонам,

Дар шаҳру биёбонам, дар коху шабистонам,
Ман дардаму дармонам, ман айши фаровонам,

Ман теғи ҷаҳонсӯзам, ман чашмаи ҳайвонам.

Чингизию темурӣ муште зи ғубори ман,
Ҳангоман афрангӣ як ҷаста шарори ман.

Инсону ҷаҳони ӯ аз нақшу нигори ман,
Хуни ҷигари мардон сомони баҳори ман,

Ман оташи сӯзонам, ман равзаи ризвонам.

Осудаю сайёрам, ин турфа тамошо бин,
Дар бодаи имрӯзам кайфияти фардо бин,

Пинҳон ба замири ман сад олами раъно бин,
Сад кавкаби ғалтон бин, сад гунбади хазро бин,

Ман кисвати инсонам, пироҳани Яздонам.

Тақдири фусуни ман,тадбири фусуни ту,
Ту ошиқи Лайлоӣ, ман дашти ҷунуни ту,

Чун рӯҳи равон покам, аз чанду чигуни ту,
Ту рози даруни ман, ман рози даруни ту,

Аз ҷони ту пайдоям, дар ҷони ту пинҳонам.

Ман раҳраву ту манзил, ман мазраъу ту ҳосил,
Ту сози сад оҳангӣ, ту гармии ин маҳфил,

Овораи обу гил, дарёб мақоми дил,
Гунҷида ба ҷоме бин ин қулзуми беҳосил,

Аз мавҷи баланди ту сар барзада тӯфонам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»