Фасли Баҳор: Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор

Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор,

Масти тараннум ҳазор
Тӯтию дурроҷу сор,

Бар тарафи ҷӯйбор
Кишти гулу лолазор,

Чашми тамошо биёр,
Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор.
Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид,

Боди баҳорон вазид,
Мурғ наво офарид,
Лола гиребон дарид,
Ҳусн гули тоза чид,

Ишқ ғами нав харид,
Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид.
Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш,

Хуни чаман гарми ҷӯш,
Эй, ки нишинӣ хамӯш,

Даршикан ойини ҳӯш,
Бодаи маънӣ бинӯш,

Нағма саро, гул бипӯш,
Булбулакон дар сафир, cулсулакон дар хурӯш.
Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин,

Бар лаби ҷӯе нишин,
Оби равонро бубин,

Наргиси нозофарин,
Лахти дили фарвадин,

Бӯса занаш бар ҷабин,
Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин.
Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар,

Лола камар дар камар,
Нимаи оташ ба бар.

Мечакадаш бар ҷигар
Шабнами ашки саҳар,

Дар шафақ анҷум нигар,
Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар.
Хоки чаман во намуд рози дили коинот,

Буду набуди сифот,
Ҷилвагариҳои зот,

Он чӣ ту донӣ ҳаёт,
Он чӣ ту хонӣ мамот,

Ҳеч надорад субот,
Хоки чаман во намуд рози дили коинот.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»