Ҳаёти ҷовид: Гумон мабар, ки ба поён расид кори муғон

Гумон мабар, ки ба поён расид кори муғон,
Ҳазор бодаи нохӯрда дар раги ток аст.

Чаман хуш аст, валекин чу ғунча натвон зист,
Қабои зиндагиаш аз дами сабо чок аст.

Агар зи рамзи ҳаёт огаҳӣ, маҷӯю магир
Диле, ки аз халиши хори орзӯ пок аст.

Ба худ хазидаву маҳкам чу кӯҳсорон зӣ,
Чу хас мазӣ, ки ҳаво тезу шӯъла бебок аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»