Афкори Анҷум: Шунидам кавкабе бо кавкабе гуфт

Шунидам кавкабе бо кавкабе гуфт,
Ки дар баҳрему пайдо соҳиле нест.

Сафар андар сиришти мо ниҳоданд,
Вале ин корвонро манзиле нест.

Агар анҷум ҳамон астӣ, ки будаст,
Аз ин деринатобиҳо чӣ суд аст?

Гирифтори каманди рӯзгорем,
Хушо он кас, ки маҳруми вуҷуд аст.

Кас ин бори гаронро барнатобад,
Зи буди мо набуди ҷовидон беҳ.

Фазои нилгунам хуш наояд,
Зи авҷаш пастии он хокдон беҳ.

Хунук инсон, ки ҷонаш беқарор аст,
Савори роҳвори рӯзгор аст.

Қабои зиндагӣ бар қоматаш рост,
Ки ӯ навофарину тозакор аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»