Зиндагӣ: Шабе зор нолид абри баҳор

Шабе зор нолид абри баҳор,
Ки ин зиндагӣ гиряи пайҳам аст.

Дурахшид барқи сабуксайру гуфт:
«Хато кардаӣ, хандаи як дам аст.»

Надонам ба гулшан кӣ бурд ин хабар
Суханҳо миёни гулу шабнам аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»