Муҳовараи илм ва ишқ

Илм

Нигоҳам роздори ҳафту чор аст,
Гирифтори камандам рӯзгор аст,

Ҷаҳонбинам ба ин сӯ боз карданд,
Маро бо он сӯйи гардун чӣ кор аст?

Чакад сад нағма аз созе, ки дорам,
Ба бозор афканам розе, ки дорам.

Ишқ

Зи афсуни ту дарё шӯълазор аст,
Ҳаво оташгузору заҳрдор аст.

Чу бо ман ёр будӣ, нур будӣ,
Буридӣ аз ману нури ту нор аст.

Ба хилватхонаи лоҳут зодӣ,
Валекин дар нахи шайтон фитодӣ.

Биё, ин хокдонро гулситон соз,
Ҷаҳони пирро дигар ҷавон соз.

Биё, як зарра аз дарди дилам гир,
Таҳи гардун биҳишти ҷовидон соз.

Зи рӯзи офариниш ҳамдамастем,
Ҳамон як нағмаро зеру бамастем.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»