Суруди анҷум: Ҳастии мо - низоми мо

Ҳастии мо-низоми мо,
Мастии мо-хироми мо,

Гардиши бемақоми мо,
Зиндагии давоми мо,

Даври фалак ба коми мо, менигарему меравем.

Ҷилвагаҳи шуҳудро,
Буткадаи намудро,

Разми набуду будро,
Кашмакаши вуҷудро,

Олами деру зудро, менигарему меравем.

Гармии корзорҳо,
Хомии пухтакорҳо,

Тоҷу сариру дорҳо,
Хории шаҳриёрҳо,

Бозии рӯзгорҳо, менигарему меравем.

Хоҷа зи сарварӣ гузашт,
Банда зи чокарӣ гузашт,

Зорию қайсарӣ гузашт,
Даври сикандарӣ гузашт,

Шеваи бутгарӣ гузашт, менигарему меравем.

Хок хамӯшу дар хурӯш,
Сустниҳоду сахткӯш,

Гоҳ ба базми нозу нӯш,
Гоҳ ҷанозае ба дӯш,

Мири ҷаҳону суфтагӯш, менигарему меравем.

Ту ба тилисми чуну чанд,
Ақли ту дар кушоду банд,

Мисли ғизола дар каманд,
Зору забуну дардманд,

Мо ба нишемани баланд, менигарему меравем.

Парда чаро? Зуҳур чист?
Асли зулому нур чист?

Чашму дилу шуур чист?
Фитрати носабур чист?

Ин ҳама назду дур чист? Менигарему меравем.

Беши ту назди мо каме,
Соли ту пеши мо даме,

Эӣ, ба канори ту яме,
Сохтаӣ ба шабнаме,

Мо ба талоши оламе, менигарему меравем.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»