Насими субҳ: Зи рӯйи баҳру сари кӯҳсор меоям

Зи рӯйи баҳру сари кӯҳсор меоям,
Валек менашиносам, ки аз куҷо хезам.

Диҳам ба ғамзада тоир паёми фасли баҳор,
Таҳи нишемани ӯ сими ёсуман резам.

Ба сабза ғалтаму бар шохи лола мепечам,
Ки рангу бӯ зи масомоти ӯ барангезам.

Хамида то нашавад шохи ӯ зи гардиши ман,
Ба барги лолаву гул нарм-нармак овезам,

Чу шоъире зи ғами ишқ дар хурӯш ояд,
Нафас-нафас ба навоҳои ӯ даромезам!

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»