Панди боз ба бачаи хеш: Ту донӣ, ки бозон зи як ҷавҳаранд

Ту донӣ, ки бозон зи як ҷавҳаранд,
Дили шер доранду мушти паранд.

Накӯшеваю пухтатадбир бош,
Ҷасуру ғаюру калонгир бош.

Маёмез бо кабку турангу сор,
Магар ин ки дорӣ ҳавои шикор.

Чӣ қавме фурӯмояи тарснок!
Кунад пок минқори худро ба хок!

Шуд он боша нахчири нахчири хеш,
Ки гирад зи сайди худ ойину кеш.

Басо шикра афтода бар рӯйи хок
Шуд аз сӯҳбати доначинон ҳалок.

Нигаҳ дор худрову хурсанд зӣ,
Далеру дурушту тануманд зӣ.

Тани нарму нозук ба тиҳу гузор,
Раги сахт чун шохи оҳу биёр.

Насиби ҷаҳон он чӣ аз хуррамист,
Зи сангинию меҳнату пурдамист.

Чӣ хуш гуфт фарзанди худро уқоб,
Ки як қатра хун беҳтар аз лаъли ноб.

Маҷӯ анҷуман мисли оҳуву меш,
Ба хилват гаро чун ниёкони хеш.

Чунин ёд дорам зи бозони пир,
Нишеман ба шохи дарахте магир.

Куноме нагирем дар боғу кишт,
Ки дорем дар кӯҳу саҳро биҳишт.

Зи рӯйи замин дона чидан хатост,
Ки паҳнои гардун худододи мост.

Наҷибе, ки по бар замин судааст,
Зи мурғи саро сифлатар будааст.

Пайи шоҳбозон бисот аст санг,
Ки бар санг рафтан, кунад тезчанг.

Ту аз зардчашмони саҳростӣ,
Ба гавҳар чу симурғ волостӣ.

Ҷавоне асилӣ, ки дар рӯзи ҷанг
Барад мардумакро зи чашми паланг.

Ба парвози ту сатвати нуриён,
Ба рагҳои ту хуни кофуриён.

Таҳи чархи гардандаи кӯжпушт,
Бихӯр, он чӣ гирӣ зи нарму дурушт.

Зи дасти касе тӯъман худ магир,
Накӯ бошу панди накӯёи пазир!

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»