Кирми китобӣ: Шунидам шабе дар кутубхона ман

Шунидам шабе дар кутубхона ман
Ба парвона мегуфт кирми китобӣ:

«Ба авроқи Сино нишеман гирифтам,
Басе дидам аз нусхаи Форёбӣ.

Нафаҳмидаам ҳикмати зиндагиро,
Ҳамон тирарӯзам зи беофтобӣ».

Накӯ гуфт парвонаи нимсӯзе,
Ки ин нуктаро дар китобе наёбӣ.

Тапиш мекунад зиндатар зиндагиро,
Тапиш медиҳад болу пар зиндагиро.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»