Кибру ноз: Ях ҷӯйи кӯҳро зи раҳи кибру ноз гуфт...

Ях ҷӯйи кӯҳро зи раҳи кибру ноз гуфт:
«Моро зи мӯяи ту шавад талх рӯзгор.

Густох месароиву бебок меравӣ,
Ҳар сол шӯхдидаю оворатар зи пор.

Шоёни дудмони кӯҳистониён найӣ,
Худро магӯй духтараки абри кӯҳсор.

Гардандаву фитандаву ғалтандаӣ ба хок,
Роҳи дигар бигиру бирав сӯи марғзор».

Гуфт оби ҷӯ»: «Чунин сухани дилшикан магӯ,
Бар хештан манозу ниҳоли манӣ макор.

Ман меравам, ки дархури ин дудмон наям,
Ту хешро зи меҳри дурахшон нигоҳ дор».

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»