Лола: Он шӯълаам, ки субҳи азал дар канори ишқ

Он шӯълаам, ки субҳи азал дар канори ишқ,
Пеш аз намуди булбулу парвона метапид.

Афзунтарам зи меҳру ба ҳар зарра тан занам,
Гардун шарори хеш зи тоби ман офарид.

Дар синаи чаман чу нафас кардам ошён,
Як шохи нозук аз таҳи хокам чу нам кашид.

Сӯзам рабуду гуфт яке, дар барам биист,
Лекин дили ситамзадаи ман наёрамид.

Дар тангнои шох басе печу тоб хӯрд,
То ҷавҳарам ба ҷилвагаҳи рангу бӯ расид.

Шабнам ба роҳи ман гуҳари обдор рехт,
Хандид субҳу боди сабо гирди ман вазид.

Булбул зи гул шунид, ки сӯзам рабудаанд,
Нолиду гуфт: «Ҷомаи ҳастӣ гарон харид!»

Во карда сина миннати хуршед мекашам,
Оё бувад, ки боз барангезад оташам?

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»