Ҳикмату шеър: Буалӣ андар ғубори ноқа гум

Буалӣ андар ғубори ноқа гум,
Дасти Румӣ пардаи маҳмил гирифт.

Ин фурӯтар рафту то гавҳар расид,
Он ба гирдобе чу хас манзил гирифт.

Ҳақ агар сӯзе надорад, ҳикмат аст,
Шеър мегардад чу сӯз аз дил гирифт.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»