Кирмаки шабтоб: Як зарраи бемоя матоъи нафас андӯхт

Як зарраи бемоя матоъи нафас андӯхт,
Шавқ ин қадараш сӯхт, ки парвонагӣ омӯхт,

Паҳнои шаб афрӯхт.

Вомонда шуъое, ки гиреҳ хӯрду шарар шуд,
Аз сӯзи ҳаёт аст, ки кораш ҳама зар шуд,

Дорои назар шуд!

Парвонаи бетоб, ки ҳар сӯ такупӯ кард,
Бар шамъ чунон сӯхт, ки худро ҳама ӯ кард,

Тарки ману ту кард.

Ё ахтараке, моҳи мубине ба камине,
Наздиктар омад ба тамошои замине

Аз чархи барине.

Ё моҳи тунук зав, ки ба як ҷилва тамом аст,
Моҳе, ки бар ӯ миннати хуршед ҳаром аст,

Озодмақом аст!

Эй кирмаки шабтоб, саропои ту нур аст,
Парвози ту як силсилаи ғайбу ҳузур аст,

Ойини зуҳур аст.

Дар тирашабон машъали мурғони шаб астӣ,
Он сӯз чӣ сӯз аст, ки дар тобу таб астӣ?

Гарми талаб астӣ.

Моем, ки монанди ту аз хок дамидем,
Дидем тапидем, надидем тапидем,

Ҷое нарасидем!

Гӯям сухани пухтаву парвардаву таҳдор,
Аз манзили гумгашта магӯ, пой ба раҳ дор,

Ин ҷилва нигаҳ дор!

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»