Ҳудо (Нағмаи сорбони Ҳиҷоз): Ноқаи сайёри ман

Ноқаи сайёри ман,
Оҳуи тотори ман,

Дирҳаму динори ман,
Андаку бисёри ман,

Давлати бедори ман,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Дилкашу зебостӣ,
Шоҳиди раъностӣ,

Рӯкаши ҳуростӣ,
Ғайрати Лайлостӣ,

Духтари саҳростӣ,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Дар тапиши офтоб,
Ғӯта занӣ дар сароб,

Ҳам ба шаби моҳтоб,
Тунд равӣ чун шаҳоб,

Чашми ту нодида хоб,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Лаккаи абри равон,
Киштии бебодбон,

Мисли Хизар роҳдон,
Бар ту сабук ҳар гарон,

Лахти дили сорбон,
Тезтарак гом зам, манзили мо дур нест.

Сӯзи ту андар зимом,
Сози ту андар хиром,

Бе хӯришу ташнаком,
По ба сафар субҳу шом,

Хаста шавӣ аз мақом,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Шоми ту андар Яман,
Субҳи ту андар Қаран,

Реги дурушти ватан
Пойи туро ёсаман,

Эй, чу ғизоли Хутан,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Маҳ зи сафар по кашид,
Дар паси тал орамид,

Субҳ зи Машриқ дамид,
Ҷомаи шаб бардарид,

Боди биёбон вазид,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Нағмаи ман дилкушой,
Зеру бамаш ҷонфазой,

Қофилахоро дарой,
Фитнарабо, фитназой.

Эй, ба Ҳарам чеҳрасой,
Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»