Каримуссаҷоё, ҷамилушшиям (Бӯстон)

Фӣ наъти Саййиди-л-мурсалин алайҳи-с-салоту ва-с-салом

Каримуссаҷоё, ҷамилушшиям,
Набиюлбароё, шафеъулумам,

Имоми русул, пешвои сабил,
Амини Худо, маҳбити Ҷабраил.

Шафеъулваро, хоҷаи баъсу нашр,
Имомулҳудо, садри девони ҳашр.

Калиме, ки чархи фалак Тури ӯст,
Ҳама нурҳо партави нури ӯст.

Шафеъун, мутоъун, набиюн, карим,
Қасимун, ҷасимун, насимун, васим.

Ятиме, ки нокарда Қуръон дуруст,
Кутубхонаи чанд миллат бишуст.

Чу азмаш баромехт шамшери бим,
Ба муъҷиз миёни қамар зад ду ним.

Чу ситаш¹ дар афвохи дунё фитод,
Тазалзул дар айвоки Кисро фитод.

Ба «ло» қомати Лот бишкаст хурд,
Ба эъзози дин оби Уззо бибурд.

На аз Лоту Уззо баровард гард,
Ки Тавроту Инҷил мансух кард.

Шабе барнишаст, аз фалак баргузашт,
Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.

Чунон гарм дар тиҳи қурбат биронд,
Ки бар Сидра Ҷабрил аз ӯ бозмонд.

Бад-ӯ гуфт солори байтулҳаром,
Ки эй ҳомили ваҳй, бартар хиром!

Чу дар дӯстӣ мухлисам ёфтй,
Инонам зи суҳбат чаро тофтӣ?

Бигуфто: «Фаротар маҷолам намонд,
Бимондам, ки нерӯи болам намонд.

Агар як сари мӯй бартар парам,
Фурӯғи таҷаллӣ бисӯзад парам.

Намонад ба исён касе дар гарав,
Ки дорад чунин санйиде пешрав.

Чӣ наъти писандида гӯям туро?
Алайкассалом, эй набиялваро!

Дуруди малик бар равони ту бод,
Бар асҳобу бар пайравони ту бод!

Нахустин Абӯбакр пири мурид,
Умар панҷабарпечи деви марид.

Хирадманд Усмони шабзиндадор,
Чаҳорум Алӣ шоҳи Дулдулсавор.

Худоё, ба ҳаққи банӣ Фотима,
Ки бар қавд имон кунам хотима.

Агар даъватам рад кунӣ в-ар қабул,
Ману дасту домони оли расул.

Чӣ кам гардад, эй садри фархундапай,
Зи қадри рафеъат ба даргоҳи ҳай?

Ки бошанд муште гадоёни хайл,
Ба меҳмони доруссаломат туфайл?

Худоят сано гуфту табҷил кард,
Заминбӯси қадри ту Ҷабрил кард.

Баланд осмон пеши қадрат хиҷил,
Ту махлуқу Одам ҳанӯз обу гил.

Ту асли вуҷуд омадӣ аз нахуст,
Дигар ҳар чӣ мавҷуд шуд, фаръи туст.

Надонам, кадомин сухан гӯямат,
Ки волотарй, з- он чй ман гӯямат.

Туро иззи лавлоки тамкин бас аст,
Санои ту «Тоҳо»-ву «Ёсин» бас аст.

Чӣ васфат кунад Саъдии нотамом?
Алайкассалот, эй набй, вассалом!»


¹ Ситаш - шуҳрат, овоза.

Саъдии Шерозӣ. Аз «Бӯстон»