Маро табъ аз ин навъ хоҳон набуд (Бӯстон)

Мадҳи Абӯбакр бинни Саъд бинни Зангӣ

Маро табъ аз ин навъ хоҳон набуд,
Сари мидҳати подшоҳон набуд.

Вале назм кардам ба номи фалон,
Магар боз гӯянд соҳибдилон,

Ки Саъди, ки гӯйи балоғат рабуд,
Дар айёми Бӯбакр бин Саъд буд.

Сазад, гар ба давраш бинозам чунон,
Ки саййид ба даврони Нӯшинравон.

Ҷаҳонбони динпарвари додгар
Наёмад чу Бӯбакр баъд аз Умар.

Сари сарфарозону тоҷи меҳон,
Ба даврони адлаш биноз, эй ҷаҳон!

Гар аз фитна ояд касе дар паноҳ,
Надорад ҷуз ин кишвар оромгоҳ.

Надидам чунин ганҷу мулку сарир,
Ки вақф аст бар тифлу дарвешу пир.

Наёмад бараш дардноки гаме,
Ки нанҳод бар хотираш марҳаме.

Талабгори хайр аст уммедвор,
Худоё, умеде ки дорад, барор.

Кулаҳгӯша бар осмони барин,
Ҳанӯз аз тавозуъ сараш бар замин.

Гадо гар тавозуъ кунад, хӯйи ӯст,
Зи гарданфарозон тавозуъ накӯст.

Агар зердасте бияфтад, чӣ хост?
Забардасти афтода марди Худост.

На зикри ҷамилаш ниҳон меравад,
Ки сити карам дар ҷаҳон меравад.

Чун ӯе хирадманду фаррухнажод
Надорад ҷаҳон, то ҷаҳон аст ёд.

Набинӣ дар айёми ӯ ранҷае,
Ки нолад зи бедоди сарпанҷае.

Кас ин расму тартибу оин надид,
Фаридун або он шукӯҳ ин надид.

Аз он пеши Ҳақ пойгоҳаш қавист,
Ки дасти заифон ба ҷоҳаш қавист.

Чунон соя густарда бар оламе,
Ки золе наяндешад аз Рустаме.

Ҳама вақт мардум зи ҷаври замон
Биноланду аз гардиши осмон.

Дар айёми адли ту, эй шаҳрёр,
Надорад шикоят кас аз рӯзгор.

Ба аҳди ту мебинам ороми халқ,
Пас аз ту надонам саранҷоми халқ.

Ҳам аз бахти фархундафарҷоми туст,
Ки таърихи Саъдӣ дар айёми туст,

Ки то бар фалак моҳу хуршед ҳаст,
Дар ин дафтарат зикри ҷовид ҳаст.

Мулук ар накӯномӣ андӯхтанд,
Зи пешинагон сират омӯхтанд.

Ту дар сирати подшоҳии хеш
Сабақ бурдй аз подшоҳони пеш.

Сикандар ба девори рӯину санг
Бикард аз ҷаҳон роҳи яъҷуҷ танг.

Туро садди яъҷуҷи куфр ар зар аст,
На рӯин чу девори Искандар аст.

Забоноваре, к-андар ин амну дод
Сипосат нагӯяд, забонаш мабод!

Зиҳӣ, баҳри бахшоишу кони ҷуд,
Ки мустазҳаранд аз вуҷудат вуҷуд.

Бурун бинам авсофи шоҳ аз ҳисоб,
Нагунҷад дар ин танг майдон китоб.

Гар он ҷумларо Саъдӣ иншо кунад,
Магар дафтаре дигар имло кунад.

Фурӯ мондам аз шукри чандин карам,
Ҳамон беҳ, ки дасти дуо густарам.

Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,
Ҷаҳонофаринат нигахдор бод!

Баланд ахтарат олам афрӯхта,
Завол ахтари душманат сӯхта.

Ғам аз гардиши рӯзгорат мабод
В-аз андеша бар дил ғуборат мабод,

Ки бар хотири подшоҳон ғаме
Парешон кунад хотири оламе.

Дилу кишварат ҷамъу маъмур бод,
Зи мулкат парокандагӣ дур бод.

Танат бод пайваста чун дин дуруст,
Бадандешро дил чу тадбир суст.

Дарунат ба таъйиди Ҳақ шод бод,
Дилу дину иқлимат обод бод.

Ҷаҳонофарин бар ту раҳмат кунод,
Дигар ҳар чӣ гӯям, фасона-сту бод.

Ҳаминат бас аз кирдгори маҷид,
Ки тавфиқи хайрат бувад бар мазид.

Нарафт аз ҷаҳон Саъди Зангй бадард,
Ки чун ту халаф номбардор кард.

Аҷаб нест ин фаръ аз асли пок,
Ки ҷонаш бар авҷ асту ҷисмаш ба хок.

Худоё, бар он турбати номдор
Ба фазлат, ки борони раҳмат бибор.

Гар аз Саъди Зангӣ масал монду ёд,
Фалак ёвари Саъди Бӯбакр бод!

Саъдии Шерозӣ. «Бӯстон»