Эй чашми ту масти хобу сармасти шароб - Рубоиёт - Саъдӣ

Рубоии шумораи 3

Эй чашми ту масти хобу сармасти шароб,
Соҳибназарон ташнаву васли ту сароб,
Монанди ту одамӣ дар ободу хароб
Бошад, ки дар оина тавон диду дар об.