Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишикаст - Рубоиёт - Саъдӣ

Рубоии шумораи 8

Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишикаст,
Мерафту манаш гирифта домон дар даст,
Мегуфт, дигарбора ба хобам бинӣ,
Пиндошт, ки баъд аз он маро хобе ҳаст.