Бунёди вуҷудам зи ту , эй дӯст, хароб аст

Бунёди вуҷудам зи ту , эй дӯст, хароб аст
В-ин корхаробй ҳама аз ҳубби шароб аст.

Ҷонам ба азоб аст зи махмурии дӯшин,
Соқй, қадаҳе деҳ, ки дар он айни савоб аст.

Чун мегузарад умр сабук, ратли гарон деҳ
В-ин чархи гарон аз паи мо чун ба шитоб аст.

Зоҳид, ки шавад ғарра ба зӯҳде, ки надорад,
Он зӯҳди фиребандаи ӯ нақши сароб аст.

В-он кас, ки бувад ошиқу бебоку қаландар
Мақсуди ҳақиқиш зи май рафъи ҳиҷоб аст.

Эй пир, агар аҳди ту дар ишқ шикастем,
Машкан дили аҳбоб, ки ин айни шабоб аст.

Эй хуфтаи бедард, набинй, ки ҳама шаб
Моем назарбозу туро дида ба хоб аст.

Гӯянд, ки нуқсони Камол аст, ки доим
Ҷӯёи шароб асту кабоб асту рубоб аст.