Бе ту маро чашми ҷаҳонбин тар аст

Бе ту маро чашми ҷаҳонбин тар аст,
Чеҳра ба хуни дили ғамгин тар аст.

Дар таби ҳаҷри ту лабу чашми ман
Як-ду дам он хушку даме ин тар аст.

Ҳеч шабе бар сари болини ман
Дида нахусбид, ки болин тар аст.

Лашкарии ишқи туро з-оби чашм
Асп тару ҷома тару зин тар аст.

Тифливу ояд зи ту шӯхй малеҳ,
3-он ки зи шират лаби ширин тар аст.

Ҳар ки хиҷил шуд, ба арақ тар шавад,
Пеши рухат з-он гули рангин тар аст.

Дар сифати холу хати ӯ, Камол,
Дамбадам анфоси ту мушкинтар аст.