Бе дарди диле роҳ ба дармон натавон ёфт

Бе дарди диле роҳ ба дармон натавон ёфт,
То ҷон надиҳй, сӯҳбати ҷонон натавон ёфт.

Ҳар дил набувад ҷои ғами ишқи ту, к-он ғам
Ганҷест, ки ҷуз дар дили вайрон натавон ёфт.

Дар домани хоре бинишинем, чу гул нест,
Бо дард бисозем, чу дармон натавон ёфт.

То чашми ту ҷоду буваду хашми ту кофир,
Дар рӯи замин ҳеч мусалмон натавон ёфт.

Ҷонпарварие, к-аз лаби дилҷӯи ту дидам,
Инсоф, ки дар чашмаи ҳайвон натавон ёфт.

Дар сояи зулфи ту, ки шуд маҷмаи дилҳо,
Ғайр аз дили ман ҳеч парешон натавон ёфт.

Бо гармраве воқифи ин роҳ чи хуш гуфт:
Оҳиста, ки ин роҳ пур осон натавон ёфт.

Дарбанд миён аз дилу ҷон бандагияшро,
Бе қурби шараф қурбати султон натавон ёфт.

Бархез, Камоло, ки дари каъбаи мақсуд
Бе он ки кунй қатъи биёбон, натавон ёфт.