Имшаб, ки ҳузури ёри ҷонафрӯз аст

Рубоии шумораи 14

Имшаб, ки ҳузури ёри ҷонафрӯз аст,
Бахтам ба хилофи душманон пирӯз аст,
Гӯ, шамъ бимиру маҳ фурӯ шав, ки моро
Он шаб, ки ту дар канор бошӣ, рӯз аст.