Ҷазои он ки нагуфтем шукри рӯзи висол

Ҷазои он ки нагуфтем шукри рӯзи висол,
Шаби фироқ нахуфтем лоҷарам зи хаёл.

Бидор як нафас, эй қоид, ин зимоми ҷимол¹,
Ки дида сер намегардад аз назар ба ҷамол,

Дигар ба гӯши фаромӯшаҳди сангиндил
Паёми мо кӣ расонад, магар насими шамол?

Ба теғи ҳиндӣ душман қитол менакунад,
Чунон ки дӯст ба шамшери ғамзаи қаттол².

Ҷамоате, ки назарро ҳаром мегӯянд,
Назар ҳаром бикарданду хуни халқ ҳалол.

Ғазол агар ба каманд уфтад, аҷаб набувад,
Аҷаб фитодани мард аст дар каманди ғазол.

Ту бар канори Фуротӣ, надонӣ ин маънӣ,
Ба роҳи бодия³ донанд қадри оби зулол.

Агар муроди насиҳаткунони мо ин аст,
Ки тарки дӯст бигӯям, тасаввурест муҳол.

Бо хоки пои ту донад, ки то сарам наравад,
Зи сар бадар наравад ҳамчунон умеди висол.

Ҳадиси ишқ чӣ ҳоҷат, ки бар забон орӣ?
Ба оби дидаи хунин нишаста сурати ҳол.

Сухан дароз кашидему ҳамчунон боқист,
Ки зикри дӯст наёрад ба ҳеч гуна малол.

Ба нола кор муяссар намешавад, Саъдӣ,
Валек нолаи бечорагон хуш аст, бинол!


¹ Шутурҳо.
² Бисёр кушанда.
³ Биёбон.