Чу булбули саҳарӣ баргирифт навбати бом

Чу булбули саҳарӣ баргирифт навбати бом,
Зи тавбахонаи танҳоӣ омадам бар бом.

Нигоҳ мекунам аз пеши рояти хуршед,
Ки мебарад ба уфуқ парчами сипоҳи залом¹.

Баёзи рӯз баромад чу аз давоҷи сиёҳ,
Бараҳна бознишинад яке сапедандом.

Дилам ба ишқ гирифтору ҷон ба меҳр гарав,
Даромад аз дарам он дилфиреби ҷонором.

Сарам ҳанӯз чунон масти бӯи он нафас аст,
Ки бӯи анбару гул раҳ намебарад ба машом.

Дигар ман аз шаби торик ҳеч ғам нахурам,
Ки ҳар шаберо рӯзе муқаддар аст анҷом.

Тамом фаҳм накардам, ки арғавону гул аст
Дар остинаш ё дасту соъиди гулфом.

Дар обгинааш обе, ки гар қиёс кунӣ,
Надонӣ, об кадом асту обгина кадом.

Биёр, соқӣ, дарёи машриқу мағриб,
Ки дер маст шавад, ҳар кӣ май хурад бадавом.

Ман он наям, ки ҳалол аз ҳаром нашносам,
Шароб бо ту ҳалол асту об бе ту ҳаром.

Ба ҳеч шаҳр набошад, чунин шакар ки туӣ,
Ки тӯтиёни чу Саъдӣ дароварӣ ба калом.

Раҳо намекунад ин назми чун зиреҳ дар ҳам,
Ки хасм теғи тааннут бароварад зи ниём.


¹ Торикӣ.