Бандавор омадам ба зинҳорат

Бандавор омадам ба зинҳорат,
Ки надорам силоҳи пайкорат.

Муттафиқ мешавам, ки дил надиҳам,
Муътақид мешавам дигар борат.

Муштариро баҳои рӯи ту нест,
Ман бад-ин муфлисӣ харидорат.

Ғайратам ҳасту иқтидорам нест,
Ки бипӯшам зи чашми ағёрат.

Гарчи бетоқатам чу мӯри заъиф,
Мекушам нафсу мекашам борат.

На чунон дар каманд печидӣ,
Ки мухаллас¹ шавад гирифторат.

Ман ҳам аввал, ки дидамат, гуфтам
Ҳазар аз чашми масти хунхорат.

Дида шояд² ки бе ту бар накунад,
То набинад фироқи дидорат.

Ту малулию дӯстон муштоқ,
Ту гурезону мо талабгорат.

Чашми Саъдӣ ба хоб бинад хоб,
Ки бибастӣ ба чашми саҳҳорат³.

Ту бад-ин ҳар ду чашми хоболуд,
Чӣ ғам аз чашмҳои бедорат?!


¹ Халосшуда, раҳоёфта.
² Шоиста аст.
³ Ҷодугар, афсунгар.