Моҳ чунин кас надид хушсухану кашхиром

Моҳ чунин кас надид хушсухану кашхиром,
Моҳи муборактулӯъ, сарви қиёматқиём.

Сарв дарояд зи пой, гар ту биҷунбӣ зи ҷой,
Моҳ бияфтад ба зер, чун ту бароӣ ба бом.

То дил аз они ту шуд, дида фуру дӯхтам,
Ҳар чӣ писанди шумост, бар ҳама олам ҳаром.

Гӯши дилам бар дар аст, то чӣ биёяд хабар,
Чашми умедам ба роҳ, то кӣ биёрад паём.

Даъвати бешамъро ҳеч набошад фурӯғ,
Маҷлиси бедӯстро ҳеч набошад низом.

Дар ҳама умрам шабе бехабар аз дар дарой,
То шаби дарвешро субҳ барояд ба шом.

Бори ғамат мекашам, в-аз ҳама олам хушам,
Гар накунад илтифот ё накунад эҳтиром.

Рой Худовандрост, ҳокиму фармонравост,
Гар бикушад, бандаем, в-ар бинавозад, ғулом.

Эй ки маломат кунӣ орифи девонаро,
Шоҳиди мо ҳозир аст, гар ту надонӣ калом.

Гӯ, ба саломи ман ой бо ҳама тундию ҷаҳл,
В-аз мани бедил ситон ҷон ба ҷавоби салом.

Саъдӣ, агар толибӣ, роҳ раву ранҷ бар,
Ё бирасад ҷон ба ҳалқ, ё бирасад дил ба ком.