GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 258. Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хештан боз

Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хештан боз,
Зи рӯйи сидқу сафо гашта бо дилам дамсоз.

Равандагони тариқат раҳи бало сипаранд,
Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз нишебу фароз?

Ғами ҳабиб ниҳон беҳ, зи гуфтугӯйи рақиб,
Ки нест синаи арбоби кина маҳрами роз.

Агарчи ҳусни ту аз ишқи ғайр мустағнист,
Ман он наям, ки аз ин ишқбозӣ оям боз.

Чӣ гӯямат, ки зи сӯзи дарун чӣ мебинам,
Зи ашк пурс ҳикоят, ки ман наям ғаммоз.

Чӣ фитна буд, ки машшотаи қазо ангехт,
Ки кард наргиси масташ сияҳ ба сурмаи ноз?

Бад-ин сипос, ки маҷлис мунаввар аст ба дӯст,
Гарат чу шамъ ҷафое расад, бисӯзу бисоз!

Ғараз карашмаи ҳусн аст варна ҳоҷат нест
Ҷамоли давлати Маҳмудро ба зулфи Аёз.

Ғазалсаройии Ноҳид сарфае набарад,
Дар он мақом, ки Ҳофиз бароварад овоз.

Ҳофизи Шерозӣ 259. Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз
Ҳофизи Шерозӣ 260. Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз
Ҳофизи Шерозӣ 261. Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз
Ҳофизи Шерозӣ 262. Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз
Ҳофизи Шерозӣ 263. Биёву киштии мо дар шати шароб андоз
Ҳофизи Шерозӣ 264. Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз
Ҳофизи Шерозӣ 265. Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз
Ҳофизи Шерозӣ 266. Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез
Ҳофизи Шерозӣ 267. Эй сабо, гар бигзарӣ бар соҳили руди Арас
Ҳофизи Шерозӣ 268. Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР