Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам

Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам,
Подшоҳам, ки ба дасти ту асир афтодам.

Ҳама ғамҳои ҷаҳон ҳеч асар менакунад
Дар ман, азбаски зи дидори азизат шодам.

Хуррам он рӯз, ки ҷон меравад андар талабат,
То биёянд азизон ба муборакбодам.

Ман ки дар ҳеч мақоме назадам хаймаи унс,
Пеши ту рахт бияфкандаму дил бинҳодам.

Донӣ, аз давлати васлат чӣ талаб дорам? Ҳеч,
Ёди ту маслиҳати хеш бибурд аз ёдам.

Ба вафои ту, к-аз он рӯз, ки дилбанди манӣ,
Дил набастам ба вафои касу дар накшодам.

То хаёли қаду болои ту дар фикри ман аст,
Гар халоиқ ҳама сарванд, чу сарв озодам,

Ба сухан рост наёяд, ки чӣ ширинсуханӣ,
В-ин аҷабтар, ки ту Ширинию ман Фарҳодам.

Дастгоҳе¹ на, ки дар пои ту резам чун хок,
Ҳосил он аст, ки чун табли тиҳӣ пурбодам.

Менамояд, ки ҷафои фалак аз домани ман
Даст кӯтаҳ накунад, то наканад бунёдам.

Зоҳир он аст, ки бо собиқаи ҳукми азал
Ҷаҳд суде накунад, тан ба қазо дардодам.

В-ар таҳаммул накунам ҷаври замонро, чӣ кунам?
Доваре нест, ки аз вай биситонад додам.

Дилам аз суҳбати Шероз ба куллӣ бигирифт,
Вақти он аст, ки пурсӣ хабар аз Бағдодам.

Ҳеч шак нест, ки фарёди ман он ҷо бирасад,
Аҷаб, ар соҳиби девон нарасад фарёдам.

Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам.


¹ Сармоя, ҷоҳу ҷалол.