Омадӣ, ваҳ, ки чӣ муштоқу парешон будам

Омадӣ, ваҳ, ки чӣ муштоқу парешон будам,
То бирафтӣ зи барам, сурати беҷон будам.

На фаромӯшиям аз зикри ту хомӯш нишонд,
Ки дар андешаи авсофи ту ҳайрон будам.

Бе ту дар домани гулзор нахуфтам як шаб,
Ки на дар бодияи хори муғелон будам.

Зинда мекард маро дам ба дам уммеди висол,
В-арна, дур аз назарат куштаи ҳиҷрон будам.

Ба таваллои ту, дар оташи меҳнат чу Халил
Гӯиё дар чамани лолаву райҳон будам.

То магар як нафасам бӯи ту орад дами субҳ,
Ҳама шаб мунтазири мурғи саҳархон будам.

Саъдӣ аз ҷаври фироқат ҳама рӯз ин мегуфт:
Аҳд бишкастию ман бар сари паймон будам.