Ман чун ту ба дилбарӣ надидам

Ман чун ту ба дилбарӣ надидам,
Гулбарг чунин тарӣ¹ надидам.

Монанди ту одамӣ дар офоқ
Мумкин набувад, парӣ надидам.

В-ин булъаҷабию чашмбандӣ
Дар санъати Сомирӣ надидам.

Бо рӯи ту моҳи осмонро
Имкони баробарӣ надидам.

Лаъле чу лаби шакарфишонат
Дар кулбаи ҷавҳарӣ² надидам.

Чун дурри ду растаи даҳонат
Назми сухани дарӣ надидам.

Маҳро кӣ харад, ки ман ба каррот
Маҳ дидаму муштарӣ надидам?!

В-ин пардаи рози порсоён,
Чандон ки ту медарӣ, надидам.

Дидам ҳама дилбарони офоқ,
Чун ту ба диловарӣ надидам.

Ҷавре ки ту мекунӣ дар ислом,
Дар миллати кофарӣ надидам.

Саъдӣ, ғами ишқи хубрӯён,
Чандон ки ту мех(в)арӣ, надидам.

Дидам ҳама сӯфиёни офоқ,
Мисли ту қаландаре надидам.


¹ Ботароват, тоза.
² Гавҳарфурӯш.