GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 281. Ё Раб, ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш

Ё Раб, ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш,
Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.

Гарчи аз кӯйи вафо гашт ба сад марҳала дур,
Дур бод офати даври фалак аз ҷону танаш!

Гар ба манзилгаҳи Салмо расӣ, эй боди сабо,
Чашмдорам, ки саломе бирасонӣ зи манаш.

Ба адаб нофакушоӣ кун аз он зулфи сиёҳ,
Ҷойи дилҳои азиз аст, ба ҳам бармазанаш!

Гӯ, дилам ҳаққи вафо бо хату холат дорад,
Мӯҳтарам дор дар он турраи анбаршиканаш.

Дар мақоме, ки ба ёди лаби ӯ май нӯшанд,
Сифла он маст, ки бошад хабар аз хештанаш.

Ирзу мол аз дари майхона нашояд андӯхт,
Ҳар кӣ ин об хӯрад, рахт ба дарё фиганаш.

Ҳар кӣ тарсад зи малол, андӯҳи ишқаш на ҳалол,
Сари мову қадамаш ё лаби мову даҳанаш.

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!

Ҳофизи Шерозӣ 282. Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш
Ҳофизи Шерозӣ 283. Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш
Ҳофизи Шерозӣ 284. Ҳотифе аз гӯшаи майхона дӯш
Ҳофизи Шерозӣ 285. Дар аҳди подшоҳи хатобахши ҷурмпӯш
Ҳофизи Шерозӣ 286. Дӯш бо ман гуфт пинҳон роздоне тезҳуш
Ҳофизи Шерозӣ 287. Эй ҳама шакли ту матбӯу ҳама ҷойи ту хуш
Ҳофизи Шерозӣ 288. Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш
Ҳофизи Шерозӣ 289. Маҷмаи хубиву лутф аст узори чу маҳаш
Ҳофизи Шерозӣ 290. Дилам рамида шуду ғофилам мани дарвеш
Ҳофизи Шерозӣ 291. Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР