Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 38

Гурӯҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро дар ба маслиҳате сухан ҳамегуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомӯш. Гуфтандаш:

- Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нугӯӣ?

Гуфт:

- Вазирон бар мисоли атиббоанду табиб дору надихад ҷуз сақимро. Чун бинам, ки раъйи шумо бар савоб аст, маро бар сари он сухан гуфтан ҳикмат набошад.

Чу коре бе фузули ман барояд,
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст.